Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо баландтарин сатҳи музокироти байни Иттиҳодияи Аврупо ва Эронро дар беш аз даҳ соли охир баргузор кардааст.
Федерика Могерини раҳбарии як ҳайъати иборат аз ҳафт комиссари Иттиҳодияи Аврупоро барои баррасиҳо, ки дар пайи тавофуқи таърихии ҳастаии соли гузашта бо Ҷумҳурии Исломӣ идома дорад, бар ӯҳда дорад.
Сафари ӯ инчунин оғози марҳилаи нави муносибатҳо мебошад.
Савдо, энергетика ва муҳити зист соҳаҳое мебошанд, ки ҳарду ҷониб ба омӯхтани онҳо майл доранд.
Лайсе Доусет, хабарнигори байналмилалии Би-би-сӣ, ки бо ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар сафар аст, мегӯяд, имзои созиши ҳастаӣ роҳро барои лағви таҳримҳои молӣ алайҳи Эрон ҳамвор кард.
Ҳамзамон Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар Кохи раёсатҷумҳурии Анқара бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ҳамтои туркии худ дидору гуфтугӯ кард.
Гуфта мешавад, ки онҳо низоъи Сурия ва таҳкими равобити тиҷориро баррасӣ кардаанд, ки умедворанд дар тӯли ду сол ба 30 миллиард доллар мерасад.
Созишномаи ҳастаӣ
Таҳримҳои Ғарб, ки ба ҳуқуқи башар ва терроризм иртибот доранд, то ҳол дар Эрон ҷорист.
Эрон ба вижа хостори лағви таҳримҳои бахши бонкӣ аст
Хонум Могерини - дар як дидори якрӯза аз Эрон - дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки сиёсати Иттиҳодияи Аврупо дар заминаи ҳуқуқи башар бар асоси асли тақозо ва муколама бо Эрон кор мекунад.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар нишасти хабарии муштарак гуфт, ҳадафи аслии Эрон аз музокироти ҳастаӣ таъмини дастрасӣ ба бозорҳои молии ҷаҳонӣ будааст.
Оқои Зариф аз амрикоиҳо хостааст, тааҳҳудоти худ дар робита ба созиши ҳастаӣ ва рафъи монеаҳо дар арсаи бонкиро иҷро кунанд.
Хонум Могерини таҳримҳои боқимондаи Иттиҳодияи Аврупоро бо раҳбарияти Эрон баррасӣ мекунад ва ҳамчунин он чизеро, ки гуфта мешавад, яке аз нигарониҳои умдаи вай - поён додан ба ҷанги муҷозоти Сурия аст, ки ба ҳалли бӯҳрони муҳоҷирати Аврупо низ мусоидат мекунад, баррасӣ мекунад.
Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ (аз чап) дар Анқара бо ҳамтои туркии худ Раҷаб Тайиб Эрдуғон чанд созишномаи тиҷоратӣ имзо кард.
Муносибати мустақим бо Эрон - як бозигари калидӣ дар Сурия барои Аврупо яке аз манфиатҳои аслии созиши ҳастаӣ аст.
Ба гуфтаи хабарнигори мо, мақомоти Эрон мегӯянд, ки онҳо низ мехоҳанд ин равобитро таҳким диҳанд - бахусус аз он сабаб, ки навъи муколамае, ки рӯзи шанбе дар Теҳрон баргузор мешавад, ҳанӯз аз ҷиҳати сиёсӣ ҳассос аст, ки Эрон бо Иёлоти Муттаҳида дошта бошад.
Эрон ба вижа хостори лағви таҳримҳои бахши бонкӣ аст.
Шаш қудрати ҷаҳонӣ ба раҳбарии Амрико дар моҳи июли соли гузашта ба мувофиқа расиданд, ки таҳримҳоеро, ки бахши аъзами иқтисоди Эронро солҳо муҳосира карда буданд, дар ивази маҳдуд кардани барномаи ҳастаии Теҳрон лағв кунанд.
Ин иқдом ба Эрон имкон дод, ки дар моҳи январ сатҳи баландтари содироти нафтро аз сар бигирад ва ҳамчунин имконоти бештари тиҷоратро боз кунад.



