Додгоҳи олии Мумбай парвандаи суперситораи Болливуд Салмон Хонро дар соли 2002 бекор кард. Моҳи майи соли ҷорӣ додгоҳи поёнӣ Хонро дар куштор гунаҳкор дониста, ӯро ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Ӯро ба он айбдор карда буданд, ки як марди бесарпаноҳеро, ки дар болои сангфарш хобида буд, ронда ва куштааст.
Салмон Хон яке аз бузургтарин ситораҳои Болливуд аст ва дар беш аз 80 филм нақш офаридааст ва мухлисони зиёд дорад. Агар актёр зиндонӣ мешуд, набудани ӯ дар соҳаи синамо ба Болливуд дар тӯли 30 сол 5 миллион доллар зарар мерасонд.



