Пажӯҳишгоҳи омори Туркия рӯзи панҷшанбе дар гузориши худ гуфт, дар моҳи августи соли 2012 мизони бекорӣ дар Туркия нисбат ба ҳамин моҳи соли 0.4 2011 дарсад коҳиш ёфта, 8.8 дарсадро ташкил додааст.
Шумораи бекорон дар Туркия дар мохи август ба 2.4 миллион нафар расид. Бекорӣ дар деҳот 0.1 фоиз афзуда, ба 4.8 фоизи аҳолии қобили кор расид.
Сатҳи бекорӣ дар шаҳрҳо нисбат ба моҳи августи соли 0.7 2011 фоиз кам шуда, 10.9 дарсади аҳолии шуғлро ташкил дод.
Шуғли занон дар моҳи август 0.1 фоиз афзуда, 30.1 фоизро ташкил дод. Шуғл дар байни мардон 0.9 фоиз коҳиш ёфта, 71 фоизро ташкил дод.
(Trend AZ)



